Новогодняя гирлянда
Ариза барои қарз
Зангро фармоиш диҳед
Дастгирии техникӣ
Саволу ҷавоб
О нашей компании
Дар бораи ширкати мо
АзияКредит – як дастаи кормандони ҷавон, муассир ва боистеъдодест, ки барои инкишофи касбӣ саъй мекунанд. Мо ҳар рӯз, мақсаду усул ва рисолати худро ба роҳбарӣ гирифта, нақшаҳои азимеро амалӣ менамоем.

Кормандони ширкати мо – мутахассисони дорои таҷрибаи бой дар муассисаҳои молиявии Русия ва ИДМ, мебошанд. Дастаи мо аз одамони гуногун иборат буда онҳо ҳама хоксор ва дилкушод ҳастанд. Мо аз кишварҳо ва шаҳрҳои гуногун ҳастем, аммо ҳама кӯшиш мекунем, ки рисолати умумии худро амалӣ созем. Мо кори худро дар асоси арзишҳои умумиамон ташкил медиҳем, ки фарҳанги корпоративии моро дар пояи таҳаммулпазирӣ, ошкорбаёнӣ, ростқавлӣ ва қобилияти ҳамдардӣ шомил гардониданд.
«АзияКредит» ин:
Муносибати инфиродӣ ба ҳар як Мизоҷ
Қарзҳои хурди дастрас барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна
Ҳалли бароҳат ва оддӣ
Ширкате, ки қонунҳои Федератсияи Русияро қатъиян риоя мекунад
Шароиту нақшаҳои фаҳмову равшани ҳамкорӣ
Кор дар дастаи мо мисли кор бо ширкати дӯстон аст. Арзишҳои мо: кордонӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром. Мо ҳамеша бо хурсандӣ одамонеро, ки усулҳои моро эътироф менамоянд, ба дастаи худ қабул менамоем.
Мо медонем
Мо медонем, ки шаҳрвандони ИДМ барои эҳтиёҷоти гуногуни худ чӣ қадар ба қарз ниёз доранд. Касе
бояд зуд ба хешовандонаш пул фиристад, касе ба таҳсил меравад, касе тӯй карданро ба нақша
гирифтааст ва касе барои пур кардани ҳуҷҷат ё кушодани тиҷорати хурди худ пул лозим аст.
Мо кор карда истодаем
Мо бо муҳоҷирони қонунии меҳнатӣ кор мекунем ва мекӯшем, ки тамоми имкониятҳоро барои
мутобиқшавии бомуваффақияти онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия фароҳам созем.
Мо эҷод мекунем
Мо маҳсулоти беназиреро эҷод мекунем, ки ниёзҳои аудиторияи мақсадноки
моро пурра қонеъ мегардонад.
Ҳамарӯза
Ҳамарӯза бо кӯмаки мо мардум мушкилоти таъхирнопазири молиявиро ҳал мекунанд,
бидуни ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, дар навбат истоданҳо ва зангзаниҳои беохир ба бонкҳо
қарзҳои хурдро ба даст меоранд.
Мо ҳадафи мушаххас дорем
Мо ҳадафи мушаххас дорем – тағир додани бозори қарздиҳии истеъмолӣ дар Русия,
ки онро барои мизоҷон хеле шаффоф, содда ва бароҳат гардонем.
Рисолати мо
Фароҳам овардани шароит барои мутобиқшавӣ ва ҳамгироии шаҳрвандони Ӯзбекистон,
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба таври қонунӣ ба Русия меоянд, тавассути пешниҳоди
хизматрасониҳои молиявии босифат ба онҳо.
Усулҳои мо
Таъмини маҳсулоти молиявии дастрас, фаҳмо ва бароҳат ба одамоне, ки ба онҳо ниёз
доранд. Мо хизматрасонии тез ва босифатро кафолат медиҳем!
АзияКредит – торговая марка, принадлежащая микрофинансовой компании «Международный Центр Кредитования». ООО МФК «МЦК» - профессиональный участник российского микрофинансового рынка, зарегистрированный в государственном реестре МФО Банка России № 651303045003029 от 11.04.2013 г., одной из первых получившая статус «Микрофинансовой Компании».
Гирлянда